Марди нобиное назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе надорам маро дар намозҳои панҷгона ба масҷид барад ва ӯ мехост Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро иҷозат диҳад то намозҳоро дар хона гузорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чун ӯро иҷозат дод ва мехост аз онҷо мунсариф шавад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро садо кард ва гуфт: оё азонро мешунавӣ? Гуфт бале. Фармуданд: Пас нидои ба сӯи намоз (азон)-ро иҷобат кун.