Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди касоне ки аз ғайб ва ончи дар оянда рух медиҳад хабар медиҳанд (яъне фолбинон), пурсида шуд, фармуданд: ба онон аҳамият надиҳед, гуфтаҳои онҳоро қабул накунед ва он ба шумо ҳеҷ дахл надорад. Гуфтанд: гоҳо ончи мегӯянд мутобиқ бо воқеият аст, монанди дар фалон рӯз ва дар фалон моҳ рух додани кори ғайбиеро мегӯянд ва ҳамон гуна, ки гуфтанд воқеъ мешавад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҷинҳо хабари осмониро мешунаванд ва онро рабуда ба назди авлиёи худ, ҳамон фолгирон, фурӯд меоянд ва ба онҳо мерасонанд ва фолгирон атрофи он хабар сад дурӯғи дигар меафзоянд.