Марде аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки кадом амалро иҷро кунам, то Худо маро дӯст дорад ва мардум низ маро дӯст доранд? Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Худо туро дӯст медорад, агар он чиро, ки аз дунё зиёдатӣ ва барои охиратат суд надорад, тарк кунӣ ва аз он чизе, ки ба дини ту зарар мерасонад, дурӣ ҷӯйӣ. Мардум дар ҳоле туро дӯст медоранд, ки агар нисбати он чизе, ки аз дунё дар дасти онҳо аст, берағбат бошӣ. Зеро мардум табиатан дунёро дӯст медоранд ва касе, ки бо онҳо барои дунё рақобат мекунад, онҳоро ғазабнок мекунад, вале касе, ки дунёро барояшон вогузорад, дӯсташ медоранд.