Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор сухан аст: Субҳоналлоҳ: яъне пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна нуқсон ва камбудӣ. Алҳамдулиллоҳ: яъне васфи Аллоҳ бо камоли том ва муҳаббату бузургдошти Ӯ. Ло илоҳа иллаллоҳ: яъне нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ. Аллоҳу акбар: яъне Аллоҳ бузургу гиромитар ва боиззаттар аз ҳама чиз аст. Фазилат ва касби савоби зикрҳои мазкур вобаста ба риоят дар ба тартиб гуфтани онҳо нест.