Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) хост, ки масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро беҳтар аз сохти аввалаш бозсозӣ кунад, аммо мардум ин корро написандиданд. Ба сабаби он ки сохти масҷид аз шеваи сохтанаш дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тағйир меёфт, масҷид бо хишт сохта шуда буд ва боми он аз барги хурмо буд, аммо Усмон мехост, ки онро бо сангу хишт бисозад. Усмон (разияллоҳу анҳу) дар хитоб ба мардум фармуд, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мефармояд: Ҳар ки масҷидеро барои талаби розигии Аллоҳ Таъоло, бидуни риё ва худнамоӣ бисозад, Аллоҳ ба ӯ подоши беҳтар аз ҷинси амалаш ато мекунад. Ва он подош он аст, ки Аллоҳ барои ӯ монанди онро дар биҳишт хоҳад сохт.