Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати намозро дар масҷиди худ баён кардааст, ки савоби он беҳтар аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигари рӯи замин аст, магар Масҷидулҳаром дар Макка. Зеро намоз дар ин масҷид фазилаташ бештар аз намоз дар масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.