Паёмбар (Салому дуруди аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки амали нек дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа беҳтар аз дигар рӯзҳои сол аст. Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ҷиҳод дар рӯзҳои ғайр аз ин даҳа пурсиданд, ки оё он беҳтар аст ё амалҳои нек дар ин рӯзҳо? Чун онҳо бар ин буданд, ки, ҷиҳод аз беҳтарин амалҳо аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух гуфтанд: амали нек дар ин рӯзҳо беҳтар аз ҷиҳод дар рӯзҳои дигар аст, магар марде, ки ба ҷиҳод баромад ва ҷону моли худро дар роҳи Аллоҳ фидо намуд. Ин аст ягона амал, ки бар дигар амалҳо дар рӯзҳои мазкур бартарӣ дорад.