Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фазилат ва бузургии ислом пазируфтанро ин гуна баён медорад, ки ҳар касе ислом пазируфт, содиқона ва аз рӯи ихлос мусалмон шуд, аз ончи дар замони пеш аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, пурсида нахоҳад шуд. Ва ҳар касе пас аз ислом пазируфтан кори баде анҷом дод, ба ин маъно ки мунофиқ бошад ё аз динаш баргардад, барои тамоми гуноҳони пеш аз ислом ва баъди мусалмон шуданаш бозхост ва ҷазо дода хоҳад шуд.