Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд агар марги бандаеро дар сарзамине муқаррар сохта бошад, ки худи ӯ дар он сарзамин ҳузур надорад, барои ӯ дар он сарзамин ниёз ва ҳоҷате қарор медиҳад, ки банда ба онҷо меояд ва дар онҷо қабзи руҳ мешавад.