Аз Нуъмон ибни Башир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дуо ибодат аст", сипас ин оятро қироат фармуданд: "Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд". (Сураи Ғофир: 60) Саҳеҳ - رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки дуо ибодат аст, пас бояд холис барои Аллоҳ бошад, чи он дуои талаб бошад, монанди чизе барои манфиати худ хостан ё аз Аллоҳ барои дафъи зиёнҳои дунявӣ ва ухравӣ талаб намудан, ё инки дуои ибодат, яъне ҳар гуфтор ва кирдори зоҳирӣ ва ботинӣ, ки ризои Аллоҳ дар он аст ва тамоми ибодоти қалбӣ, баданӣ ва ё молӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун истидлол ояти зерро қироат фармуд, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд" (Сураи Ғофир: 60).

explain-icon

fawaed

  • Дуо асоси ибодат аст ва набояд онро барои ғайри Аллоҳ анҷом дод.
  • Дуо ин воқеияти бандагӣ, эътироф ба бениёзӣ ва қудрати Парвардигор ва эътирофи ниёзмандии бандагон ба суи Парвардигор аст.
  • Ҷазои сахт барои касоне, ки аз ибодат ва руй овардан ба Худо саркашӣ мекунанд, ва касоне, ки аз руй овардан ба Худо саркашӣ мекунанд хору ҳақир вориди дӯзах мешаванд.