Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигор дар ҳолати саҷда будан аст, зеро дар ин ҳолат намозгузор гиромитарин узви бадани худро аз рӯи фурӯтанӣ ва хоксорӣ ва тавозуъ дар баробари Аллоҳи Мутаъол, бар замин мегузорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додаанд, ки банда то метавонад дар ҳоли саҷда бештар дуо кунад, ки он фурӯтанӣ назди Худованд дар қавл ва дар амалро ба ҳам меорад.