Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло поку муқаддас аст, аз ҳар гуна нуқс ва айб орӣ ва бо тамоми сифатҳои комил ороста аст. Ӯ танҳо амалҳо, гуфторҳо ва эътиқодҳои покро мепазирад, яъне он чи холисона барои Худост ва мувофиқ ба суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Пас, набояд касе ба Аллоҳ наздик шавад, магар бо он чи пок ва дуруст аст. Аз бузургтарин сабабҳои қабул шудани амалҳо, пок будани хӯроки банда аст, яъне аз ҳалол будани ризқаш. Агар хӯрданаш ҳалол бошад, амалаш низ пок мешавад. Бар ҳамин асос, Аллоҳ ба муъминон ҳамон чизеро амр кардааст, ки ба паёмбарон фармудааст: хӯрдани ҳалол ва анҷоми аъмоли солеҳ. Худованд мефармояд: (Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам), дар ҷои дигар мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред). Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хӯрдани ҳаром, ки амалро фосид месозад ва монеи қабул шудани он мегардад, ҳушдор доданд, ҳарчанд инсон тамоми сабабҳои зоҳирии қабулро анҷом диҳад. Аз ҷумлаи ин сабабҳо: Аввал: Сафар кардан ба хотири тоатҳо, монанди ҳаҷ, ҷиҳод, силаи раҳм ва ғайра. Дувум: Зоҳири номураттаб: мӯйҳои парешон ва шона назада, хоколуд, либоси ифлос, яъне дар ҳолати ночорӣ ва ниёзмандӣ. Севум: Дастони худро ба сӯи осмон барои дуо мебардорад. Чаҳорум: Бо номҳои Аллоҳ дуо мекунад ва бо исрор мегӯяд: "Ё Рабб! Ё Рабб!" Аммо бо вуҷуди ин ҳама нишонаҳои иҷобати дуо, дуояш қабул намешавад! (Чаро?) Зеро хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас, имкон надорад дуои касе, ки дорои ин гуна хусусиятҳо аст, қабул шавад. Чӣ гуна дуои касе, ки бо ҳаром бузург шудааст, қабул шавад!?