Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ӯро ба Яман фиристод. Ӯро (Паёмбарро) дар бораи нӯшокиҳое, ки он ҷо таёр мекунанд, пурсид, ки оё он нӯшокиҳо ҳаром ҳастанд ё ҳалол. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бораи он нӯшиданиҳо тавзеҳ хост. Абумусо (разияллоҳу анҳу) гуфт: Он нӯшиданиҳо яке "битъ" мебошад, ки аз асал таёр мешавад ва дигарӣ "мазр", ки аз ҷав таёр мешавад. Пас, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки аз суханони фарогир ва кӯтоҳ баҳраманд аст, фармуд: "Ҳар чизи масткунанда ҳаром аст".