Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар чизе, ки ақли одамиро хира кунад ва аз байн бибарад майи масткунанда аст, чи нӯшиданӣ бошад, чи хурданӣ ва чи бӯйиданӣ ё навъҳои дигар. Аллоҳ Таъоло ҳар он чи ақлро аз байн бибарад ҳаром сохта ва аз он наҳй кардааст, кам бошад ё зиёд. Ва ҳар касе яке аз анвоъи ин масткунандаҳоро бинӯшад ва бар ин кор мудовимат дошта бошад ва тавба накарда бимирад, сазовори ҷазои илоҳӣ аст, ки аз нӯшидани он дар биҳишт маҳрум шавад.