Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки Аллоҳ ба ӯ амр кардааст, бо мушрикон биҷангад, то онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳи ягонаи бешарик нест ва гувоҳӣ диҳанд, ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фиристодаи Аллоҳ аст. Ва ба муқтазои ин шаҳодат амал кунанд. Аз ҷумла, пойбандӣ ба намозҳои панҷгона дар шабонарӯз ва додани закоти фарзӣ ба мустаҳиқони он. Пас, агар ин корҳоро анҷом диҳанд, Ислом хун ва моли онҳоро ҳифз мекунад, аз ин рӯ, куштани онҳо ҷоиз нест, магар ин ки ҷурмеро муртакиб шаванд, ки бинобар аҳкоми Ислом сазовори куштан шаванд. Сипас Аллоҳ Таъоло ҳисоби онҳоро ба уҳда дорад, зеро Аллоҳ аст, ки аз ниҳони онон бохабар аст.