explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз рафтан ба назди арроф ҳушдор медиҳад. Арроф -ҳамон мунаҷҷим, коҳин ва раммол ва монанди инҳо аст, касоне ки бо гуфтани баъзе аз суханон иддиои илми ғайб мекунанд-. Пурсидани умури ғайбӣ аз чунин ашхос сабаб мешавад Аллоҳ инсонро аз савоби чиҳил рӯз намозаш маҳрум бигардонад, ки ин муҷозоте аст барои ин гуноҳи бузург. Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.

explain-icon

fawaed

  • Фолбинӣ ва рафтан ба назди фолбинҳо ва пурсидани онҳо аз ғайбиёт ҳаром аст.
  • Мумкин аст инсон ҳамчун муҷозот барои гуноҳаш аз савоби тоъатҳои худ маҳрум шавад.
  • Нигаристан ба бурҷҳо (бурҷҳои фалакӣ), ба кафи даст ва дар пиёла хондан -ҳатто агар барои маълумот ва кунҷкобӣ бошад- низ шомили ин ҳукм аст, зеро ин ҳама навъе аз фолбинӣ ва иддиои илми ғайб ҳастанд.
  • Агар ин муҷозоти касе аст, ки назди фолбин меравад, пас муҷозоти шахси фолбин чигуна аст?
  • Намози чиҳил рӯзи ӯ дуруст ва ниёз ба қазо доштан нест, аммо савоб надорад.
explain-icon

Дастабандишудаҳо