Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки Худованд дӯст медорад ба осониҳои шаръӣ - рухсат ва осонӣ дар ибодатҳо ва аҳкоми шариъат, ба монанди қаср хондан дар сафар ва ё ҷамъ кардани ду намоз дар як вақт - амал кунанд. Ҳамонгуна, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад дастурот, фарз ва воҷибот, ки бар бандагон муқарар кардааст, анҷом дода шаванд. Зеро фармони Худовандӣ дар дастурот ва рухсатҳо як аст.