Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси мазкур як қоидаи умумиеро баён намуданд, ки дар шариати мо тамоми ашё ба се даста тақсим мешаванд: ҳалол, ки ошкору равшан аст ва ҳаром, ки низ ошкору равшан аст ва миёни ин ду ашёи дигар вуҷӯд, дорад, ки ҳалол ва ё ҳаром будани онҳо баён ва равшан нашудааст, ки он муштабиҳот номида мешавад ва бисёри аз мардум ҳукми онро намедонанд. Пас ҳар кас муштабеҳотро тарк намояд, дини худро аз воқеъ шудан дар ҳаром ҳифз кардааст ва обуруи худро аз сухани мардум дар мавриди инки ӯро ба хотири иртикоби муштабиҳот сарзаниш мекунанд, дар амон нигоҳ доштааст. Касе аз муштабеҳот дурӣ накунад, ё худро дар ҳаром андохтааст ё дар назди мардум беобрӯ шудааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро, ки дар умури муштабеҳот воқеъ мешавад ба монанди чӯпоне ташбеҳ кардааст, ки чорвои худро атрофи замине мечаронад, ки марзбандӣ шудааст ва хавфи ворид шудани чорво ба онҷо аст. Пас ҳамин гуна ҳар касе кори шубҳанокеро анҷом диҳад, наздик ба ҳаром гашта хавфи ворид шудан ба онро дорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки дар ҷисми инсон гӯштпорае аст, ки бо салоҳи он тамоми бадан ба салоҳ меояд ва бо фосид шудани он тамоми бадан фосид мешавад, ки он қалб аст.