Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.