explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки Аллоҳ Таборак ва Таъоло аз миёни мардумон ба касе бештар нафрат дорад, ки бисёр хусуматгар аст, ҳақиқатро намепазирад, талош мекунад бо ҷангу ҷидол ҳақиқатро бартараф кунад, ё дар низоъ ҳақ бо ӯст аммо дар баҳс ба андозае муболиға ва зиёдаравӣ мекунад, ки аз ҳадди эътидол берун меравад ва бидуни илм баҳс ва мунозира мекунад.

explain-icon

fawaed

  • Даъво ва талаби ҳуқуқи ситамдида тавассути додхоҳии шаръӣ ва қонунӣ аз ҷумлаи даъвоҳои мазмума қарор намегирад.
  • Баҳс ва хусумат аз офатҳои забонӣ аст, ки боиси тафриқа ва низоъ миёни мусалмонон мешавад.
  • Баҳс ва даъво ба шеваи нек ва талаби ҳақиқат бошад нек аст, аммо агар барои инкори ҳақ ва таъйиди ботил ва ё бидуни далелу ҳуҷҷат бошад ғайри қобили қабул аст.