Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҳоли касоне хабар додааст, ки моли мусалмононро ба ноҳақ мегиранд ва зери тасарруфи худ меоранд, яъне аз роҳи ғайри ҳалол ва нораво онро ҷамъ меорад ва онро дар ҷои худ сарф намекунад, ба монанди моли ятимон, амволи вақф, хиёнат дар амонат ва гирифтани мол аз буҷаи умумӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки подоши онон дар рӯзи қиёмат оташи дӯзах аст.