Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имон дорои шоха ва вижагиҳои бисёре аст, ки шомил амалҳову эътиқодот ва гуфторҳост. Баландтарин ва беҳтарин вижагиҳои имон гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" бо донистани маъно ва амал кардан ба муқтазои он аст, яъне Аллоҳ ҳамон маъбуди ягонае аст, ки танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст. Кӯчактарин шохаи имон аз роҳ дур кардани ҳар чизе аст, ки ба мардум зиён мерасонад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳаё аз вижагиҳои имон ва хислате аст, ки инсонро ба анҷоми амалҳои зебо ва тарк кардани зиштиҳо бармеангезад.