Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи тулонӣ куҳна ва фарсуда мешавад. Заъиф ва фарсуда шудани имон аз сабаби сустӣ дар адои ибодатҳо ва фурӯ рафтан дар гуноҳон ва шаҳватҳо ба миён меояд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур ва иршод додаанд то бо адои фароиз ва бештар зикру истиғфор кардан аз Худованд бихоҳем имони моро таҷдид бифармояд.