Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд кунад куфр ба Аллоҳ ва ё ширк варзидааст, зеро савганд ба чиз ё ба касе маънои бузургдошт ва таъзими онро дорад, дар ҳоле, ки таъзим ва бузургдошт танҳо барои Аллоҳ аст. Пас бояд танҳо ба Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд карда шавад. Савганд ёд кардан ба ғайр аз Аллоҳ ширки асғар аст, аммо ончи ба номаш савганд ёд мекунадро баробар ба Аллоҳ ё зиёдтар аз Ӯ Таъоло бузург бидонад муртакиби ширки акбар шудааст.