Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки вақте ба бистари хоб мерафт ду кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда ба боло мебардошт, ҳамонгуна, ки дар дуо бардошта мешавад, ва дар он сураҳои (Қул ҳувал-лоҳу аҳад, (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро хонда бо андак аз оби даҳон дамонда бо кафи дастонаш ҳар қисмате аз баданашонро, ки метавонистанд масҳ мекарданд. Ин амалро аз сар ва рӯй ва сипас аз қисми пеши бадан шуруъ карда се бор анҷом медоданд.