Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як маротибаӣ таҳорат карданд (яъне, ҳар узвро якборӣ шустанд).
Саҳеҳ - رواه البخاري
Баъзан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти таҳорат кардан ҳар узвро якборӣ мешуст. Яъне, рӯйро - ки обро дар даҳону бинӣ кардан ҳам аз ҷумлаи он аст - ва дастону пойҳоро якборӣ мешуст ва ин миқдор шустан воҷиб аст.
fawaed
Як бор шустани узвҳо воҷиб аст ва аз он зиёдтар (се бор) шустан мустаҳаб аст.
Гоҳ-гоҳ узвҳоро дар таҳорат як бор шустан машруъ аст.
Дар масҳи сар, як бор масҳ кашидани сар машруъ аст.