Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Худованд чизҳоеро воҷиб гардонида ва фарзҳоеро муқаррар намудааст, пас ба онҳо пойбанд бошед ва дар иҷрои онҳо кӯтоҳӣ накунед. Ва бароятон марзҳо ва боздорандаҳое муайян кардааст, ки шуморо аз корҳои нописанд бозмедоранд, пас бар он чи шариат фармон додааст, наяфзоед. Ва муҳаррамотеро ҳаром гардонидааст, пас аз онҳо парҳез кунед ва ба онҳо наздик нашавед. Аммо он чизҳое, ки Худованд дар борааш сукут кардааст, онҳоро аз рӯи раҳматаш барои шумо вогузоштааст, пас бар асли мубоҳ ва ҳалол боқӣ бимонад, бинобар ин, дар пайи ҷустуҷӯи онҳо набошед.