Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо фаҳмонданд, ки ҳар гоҳ моро аз чизе манъ кунад, воҷиб аст онро пурра тарк намоем, бидуни ҳеҷ истисно. Аммо ҳар гоҳ ба амале фармон диҳад, бар мо воҷиб аст, то қадри тавоноиямон онро анҷом диҳем. Сипас моро ҳушдор доданд, то мисли баъзе аз умматҳои гузашта набошем, ки бисёр саволҳои зиёдатӣ аз паёмбарони худ мекарданд ва ба онҳо итоат намекарданд. Пас, Худованд онҳоро бо намудҳои гуногуни ҳалокат ва азоб ҷазо дод. Аз ин рӯ, набояд мо низ мисли онҳо бошем, то мисли онҳо ҳалок нашавем.