Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳукмҳои шаръӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: Он чи дар борааш сукут шудааст, наҳйҳо ва амрҳо. Аммо аввал: Он чизе аст, ки шаръ дар борааш сукут кардааст, яъне ҷое, ки ҳукм надорад ва асл дар ҳар чиз адами вуҷуб аст. Дар даврони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб он буд, ки дар бораи он чизе, ки рух надодааст, пурсида нашавад, аз бими он ки мабодо дар бораи он воҷиб ё таҳрим нозил нашавад. Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз рӯйи раҳматаш барои бандагонаш тарк кардааст. Аммо баъд аз вафоти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) агар суол дар шакли фатво ё таълими чизе, дар амри дин лозим бошад, ҷоиз аст, балки ба ин пурсиш амр шудааст. Аммо агар пурсиш аз рӯӣ сахтгирӣ ва такаллуф бошад, ин ҳамон пурсише аст, ки дар ҳадис аз он наҳй шудааст. Зеро ин метавонад сабаби он чизе шавад, ки ба Банӣ Исроил рӯй дод. Вақте ки ба забҳи модагове амр шуданд, агар ягон говро забҳ мекарданд, корашон ба охир расида буд, аммо онон сахтгирӣ карданд ва бар онон сахт гирифта шуд. Дувум: Наҳйшудаҳо, яъне ҳар ки онҳоро тарк кунад савоб мегирад ва касе онҳоро тарк накунад муҷозот мешавад. Пас, бояд аз ҳамааш дурӣ кард. Севум: Фармудаҳо, яъне он чизҳоест, ки анҷом диҳандааш савоб мегирад ва тарк кунандааш муҷозот мешавад. Пас, бояд ба андозаи тавоноӣ анҷомаш дод.