Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст,ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард." Sahih/Authentic. - Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, ки Ҷабраил ҳамвора масъалаи таваҷҷуҳ ба ҳамсояро барояшон такрор мекарданд ва ӯро ба ин кор амр мекарданд ва дар бораи ҳаққи ӯ ва озор нарасонидан ба ӯ онқадар тавсия медоданд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гумон карданд дар мавриди пас аз марг меросбар қарор гирифтани ҳамсоя ваҳй нозил хоҳад шуд.

explain-icon

fawaed

  • Азамати ҳаққи ҳамсоя ва зарурати таваҷҷуҳ ба он.
  • Борҳо ва бо таъкид тавсия намудан барои ҳаққи ҳамсоя зарурати эҳтироми ӯ, меҳрубонӣ бо ӯ, некӣ кардан ва дур кардани зиён аз ӯ, аёдати ӯ дар ҳоли беморӣ, табрик кардан дар ҳоли хушҳолӣ ва тассалият гуфтани ӯ дар ҳангоми мусибатро тақозо мекунад.
  • Ба ҳар андоза, ки дарвозаи ҳамсоя наздиктар бошад ба ҳамон андоза таъкид бар ҳифзи ҳаққи ӯ бештар мешавад.
  • Камоли шариъат дар ончи ба ҷомеа нафъ мерасонад аст, монанди некӣ ва эҳсон ба ҳамсоягон ва дафъи зарар аз онон.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар