Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд: "Ҳар кори нек садақа аст".
Саҳеҳ - رواه البخاري من حديث جابر، ورواه مسلم من حديث حذيفة
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар амали нек ва ҳар ончи ба дигарон суд мерасонад, чӣ дар сухан бошад ё дар амал, садақа аст ва савобу подош дорад.
fawaed
Садақа танҳо ба ончи инсон аз моли худ медиҳад нест, балки ҳар амали нек, ки инсон анҷом медиҳад ё ҳар сухани нек ба забон меорад ва ба дигарон мерасонад, садақа аст.
Ин ҳадис мардумро ба анҷоми амалҳои нек ва анҷоми ҳар амал, ки ба нафъи дигарон аст, ташвиқ мекунад.