Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз маҳрум сохтани хонаҳо аз намоз, ба монанди қабристон, ки наметавон дар он намоз гузошт, наҳй фармуданд. Паёмбари Худо ба таври ҳамешагӣ зиёрати қабри худ ва ҷамъ шудан ба шакли мунтазам назди онро наҳй фармуданд, зеро он василае ба сӯи ширк аст, ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки дар ҳар ҷое аз курраи замин бошед барояш дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо чи аз дур ва чи аз наздик барояш яксон мерасад ва ниёз ба зиёрати ҳамешагии оромгоҳ ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нест.