Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба касоне, ки меросро тақсим мекунанд, фармон дод, ки тақсими мерос миёни мустаҳиққони он бояд бо адолат ва мувофиқи шариат бошад, ҳамонгуна ки Аллоҳ Таъоло хостааст. Соҳибони саҳмҳои муайян, ки саҳмҳояшон дар Қуръони Карим муайян шудааст, яъне дуто сеяк, сеяк, шашяк, нисф, чаҳоряк ва ҳаштяк ба соҳибони ҳаққи мерос дода шавад. Қисми боқимонда бошад, ба наздикони марде, ки фавтидааст, аз наздиктарин ҷинси мардон дода мешавад, ки онҳоро "асаба" меноманд.