Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуданд, ки инсон бояд чизеро, ки дар ҳалол ё ҳаром буданаш шакку шубҳа дорад, аз гуфтор ё кирдор, тарк кунад ва ба он чи ки шак надорад ва аз ҳалол буданаш мутмаин аст, рӯй оварад.
fawaed
Барои як мусалмон лозим аст, ки корҳо ва амалашро бар асоси яқин бино кунад, на бар шубҳа. Ва бояд дар дини худ бо фаҳми равшан ва дониш амал намояд.
Наҳй аз воқеъ шудан дар чизҳои шубҳанок.
Агар оромии дил ва роҳатии хотир мехоҳӣ, пас чизҳои машкукро тарк кун ва онро канор гузор.
Аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳ Таъоло нисбат ба бандагонаш аст, ки онҳоро ба чизҳое амр намудааст, ки боиси оромии нафс ва хотир мешавад ва онҳоро аз он чи боиси ташвиш ва саргардонӣ мешавад, манъ намудааст.