Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, Худованд бадиҳоро аз ӯ дур мекунад. Ҳамчунин ворид шудааст, ки дар ивази намози шаб хондан барояш кифоят мекунад, ва гуфта шудаст: барояш дар ивази хондани дигар зикрҳо басанда аст, ва гуфтаанд: ин камтарин миқдор аз Қуръон аст, ки барои қиёми шаб кифоят мекунад. Ақволи дигар низ дар ин маврид ворид шудааст ва шояд ҳама ончи зикр шуд дуруст ва ҳама шомили як лафзанд.