Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад" Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди фазилати қиёми шаби қадр, ки дар даҳаи охири рамазон аст, хабар дода фармудааст, ки ҳар кӣ онро аз рӯи ихлосу имондорӣ ва огоҳ будан аз фазоили он ва бо умеди касби савоб, на барои худнамоӣ ва риё, бо намозу дуо ва зикру тиловати Қуръон сипарӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати шаби қадр ва ташвиқ барои шабзиндадории он.
  • Амали нек танҳо бо нияти холис пазируфта мешавад.
  • Аз фазл ва раҳмати Худованд аст, ки ҳар кӣ шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва бо ҳадафи касби аҷру савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар