explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки касе ба таври комил робитаи хешовандиро ба ҷой меорад ва ба наздикони худ ба некӣ рафтор мекунад, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки некиро дар муқобили некӣ анҷом медиҳанд, балки касе, ки риштаи хешовандиро ба таври комил ба ҷой меорад дар ҳақиқат касе аст, ки чун дигарон робитаашон бо ӯро қатъ кунанд ӯ онро пайваста нигоҳ медорад, агар яке аз хешовандон ба ӯ бадӣ кунад ӯ дар муқобил ба некӣ посух медиҳад.

explain-icon

fawaed

  • Робитаи хешовандии мӯътабар дар шариати мо ҳамон аст, ки чун он дар баробари ту қатъ карда шавад ту онро нигоҳ дорӣ, касоне, ки ба ту ситам карданд авф кунӣ ва ба касоне, ки туро аз чизе махрум сохтаанд, ато кунӣ, на инки подош танҳо дар муқобили подош ва некӣ анҷом дода шавад.
  • Робитаи хешовандӣ бо анҷоми некие, ки дар тавон аст, ба монанди дуои нек, додани мол, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ба қадри тавон дафъ кардани бадиҳо аз онҳо, ба даст меояд.
explain-icon

Бештар