Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касе ки масъулияте аз умури мусалмононро бар уҳда гирад - кучак бошад ё бузург, масъулияти баланд бошад ё дар сатҳи поин- ва бар онҳо сахтгирӣ кунад ва осонгирию нармӣ накунад, дуо фармуд, ки Аллоҳ ӯро аз ҷинси амалаш подош диҳад, яъне бар ӯ сахтгир бошад. Ва касе бар онҳо меҳрубон ва осонгир бошад, Худованд бар ӯ меҳрубон ва дар корҳояш осонӣ фармояд.