Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда дуои дур ва берун шудан аз раҳмати Аллоҳро карданд. Ришва молест, ки ба қозиҳо (судяҳо) дода мешавад, то ба фоидаи касе, ки тарафи онҳо аст, ҳукм кунад ва дар натиҷа ришвадиҳанда ба ноҳақ ба ҳадафи худ даст ёбад.