Ҳангоме ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) - ро ба ҳайси муаллим ва даъваткунанда ба сӯи Аллоҳ ба сарзамини Яман фиристод, ӯро огаҳ фармуд, ки ӯ бо мардумоне аз насоро рӯ ба рӯ хоҳад шуд, то Муъоз омодагӣ барои мувоҷеҳ шудан бо ононро дар худ касб кунад ва даъвати худро аз амалҳои аз ҳама муҳимтар оғоз кунад. Нахуст онҳоро ба сӯи ақидаи дуруст фаро хонад, яъне гӯвоҳӣ диҳанд, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст. Зеро калимаи шаҳодат калид ва роҳи вуруд ба Ислом аст, ки агар онҳо калима арза намуда онро пазируфтанд ононро амр барои барпо доштани намозҳо бикунад, Зеро намоз бузургтарини воҷибот баъд аз тавҳид аст. Агар онҳо намозро барпо доштанд, пас сарватмандони онҳоро амр кунад, ки закоти молашонро ба фақирон диҳанд. Сипас Паёмбари Худо Муъозро аз гирифтани беҳтарин амволи онҳо барҳазар доштанд, зеро воҷиб он аст, ки аз амволи миёнаарзиш гирифта шавад. Сипас Паёмбари Худо ба ӯ тавсия кард, ки аз зулм дурӣ ҷӯяд, то мазлуме алайҳи ӯ дуо накунад, зеро дуои мазлум мустаҷоб аст.