Ибн Умар (разияллоҳу анҳумо) ёдовар мешавад, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз шона (пайванди бозуву шона)-и ӯ гирифт ва фармуд: "Дар дунё монанди ғариб бош." Яъне, мисли касе бош, ки ба шаҳре омада, ки на хона дорад дар он паноҳ барад, на дӯстоне, ки ӯро дилбардорӣ кунанд. Аз хешу ақрабо, фарзандону наздикон дур, зеро маҳз ҳамин чизҳоянд, ки инсонро аз Парвардигораш машғул месозанд, Балки аз ғариб ҳам шадидтар бош, монанди мусофире, ки роҳро тай мекунад, дар роҳ аст ва ба ватани аслиаш меравад. Зеро шахси ғариб мумкин аст дар кишвари бегона иқомат кунад ва худро ҷо кунад. Аммо мусофир, ки танҳо аз роҳ мегузарад ва қасди расидан ба манзили худро дорад, чунин нест. Балки мақсади ӯ сабукӣ овардан ва зудтар ба ватани аслиаш расидан аст, на таваққуф ва истиқомат кардан. Ҳамин тавр ки мусофир ба чизе беш аз он чи ки ӯро то охири роҳ мерасонад, эҳтиёҷ надорад, муъмин низ дар дунё ба чизе беш аз он чи ки ӯро ба охират мерасонад, ниёз надорад. Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба ин васияти Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал мекард ва мегуфт: "Ҳангоме ки саҳар кардӣ, интизори шаб машав; ва ҳангоме ки шаб кардӣ, интизори саҳар машав. Ва худро аз аҳли қабрҳо бишмор". Зеро умр ҳамеша дар ҳолати тағйир аст, гоҳе сиҳатӣ, гоҳе беморӣ ва инсон намедонад кай умраш ба поён мерасад. Пас дар рӯзҳои сиҳатият ба тоату ибодат талош кун, пеш аз он ки беморӣ монеи амали солеҳ гардад. Дар дунё зиндагиатро ғанимат шумор ва барои худ он чизеро ҷамъоварӣ ва захира кун, ки баъд аз маргат бароят судманд бошад.