explain-icon

Шарҳ

Саҳобии гиромӣ Суфён ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки барояш суханеро бигӯяд, ки маънои Исломро фарогир бошад, то ба он пойбанд шавад ва дар бораи он аз касе дигар напурсад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барояш гуфт: Бигӯ: Аллоҳро ба ягонагӣ шинохтам ва имон овардам, ки Ӯ Парвардигор ва Илоҳ ва Холиқ ва Маъбуди ба ҳаққи ман аст ва шарике надорад. Сипас бо иҷрои фарзҳои Аллоҳ ва тарки ҳаромкардаҳои Ӯ ва пойдорӣ бар он ба итоати Аллоҳ идома медиҳад.

explain-icon

Benefits from the Hadith

  • Асли дин имон ба Аллоҳ, ба рубубият ва улуҳият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ аст.
  • Аҳамияти истиқомат баъд аз имон овардан, идомаи ибодат ва устувор мондан дар он.
  • Имон шарти қабули амалҳо аст.
  • Имон ба Аллоҳ, ҳамаи он чиро, ки эътиқод бар он воҷиб аст, дар бар мегирад. Аз ҷумла, ақоид ва усуле, ки марбут ба имон аст ва ҳар он амалҳои қалбие, ки дар партави ин ақоид бошад. Инчунин дар ҳолати ботинӣ ва зоҳирӣ фармонбардор ва таслим шудан ба Аллоҳ.
  • Истиқомат, ба маънои мондан дар роҳи рост ва идомаи он бо анҷоми воҷибот ва тарки манҳиёт аст.