explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз одоби воҷиб барои касе, ки дар хутбаи ҷумъа ҳозир шудааст, гӯш додан ба хатиб аст, то битавонад панду андарзҳои ӯро ба хубӣ дарёбад. Ва агар касе дар ҳоли хутба хондани имом камтарин чизеро ба забон биёварад ва масалан ба ҳамнишинаш бигӯяд: "хомӯш бош", ва "гӯш фаро деҳ", фазилати намози ҷумъаро аз даст додааст.

explain-icon

fawaed

  • Дар вақти гӯш кардани хутбаи ҷумъа гап задан ҳаром аст, ҳатто агар барои наҳйи аз мункар, ё ҷавоби салом ё ҷавоби атсазананда бошад.
  • Касе, ки имомро мавриди хитоб қарор диҳад, ё имом дар ҳолати хутба ӯро мавриди хитоб қарор диҳад, аз ин ҳукм истисно аст.
  • Дар байни ду хутба агар зарурат бошад сухан гуфтан ҷоиз аст.
  • Агар дар вақти хутба номи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зикр шуд, пинҳонӣ ва бо садои паст ба ӯ салавот мефиристӣ, инчунин омин гуфтан ба дуо дар ҳолати хутба низ ҷоиз аст.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар