Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки Ҷабраил (Алайҳи салом) дар сурати марди ношиносе ба назди саҳоба омад, ки либосаш бисёр сафед ва мӯи сараш бисёр сиёҳ буд ва асаре аз сафар, монанди гарду ғубор, либоси чиркин ва мӯйҳои пароканда дар ӯ дида намешуд, ва касе аз ҳозирин, ки назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста буданд низ ӯро намешинохт. Сипас ӯ назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун як шахсе, ки мехоҳад чизе биомӯзад нишаст ва ӯ (с)-ро аз Ислом пурсид ва Паёмбари Худо дар посух ба ӯ рукнҳои зерро номбар фармуданд: бар забон овардани калимаи шаҳодатайн, барпо доштани намозҳои панҷгона, адо кардани закот, рӯза доштани моҳи Рамазон ва Ҳаҷ кардан барои касе, ки тавони онро дорад.
Вақте суолкунанда ба Паёмбари Худо гуфт: рост гуфтӣ, саҳобагон дар таъаҷҷуб омаданд, ки чигуна шахсе мехоҳад чизе биомӯзад боз дар айни ҳол тасдиқ мекунад. (Яъне посухро худ аз пеш медонад).
Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз имон пурсид, ва ӯ (с) дар посух аркони шашгонаро зикр намуданд, ки иборатанд аз: имон ба вуҷӯди Аллоҳ ва сифатҳои Ӯ Таъоло, ягонагии Ӯ Таъоло дар афъолаш, ба монанди халқ кардан, ягонагии Ӯ Таъоло дар ибодаташ, имон ба фариштагон, ки Худованд онҳоро аз нур офарида аст ва онон бандагони гиромие ҳастанд, ки нофармонии Худовандро намекунанд ва бо амри Ӯ Таъоло амал мекунанд, имон ба китобҳои нозилшуда бар паёмбарон, ба монанди Қуръон, Таврот, Инҷил ва дигар китобҳо, имон ба паёмбарон, ки дини Худоро нашр мекунанд, ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва охирин паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ҳамаашон бод) ва дигар расулон ва паёмбарон. Имон ба рӯзи қиёмат, ки шомили марҳилаҳои баъд аз марг аст, ба монанди қабр, олами барзах ва инки инсон пас аз мурдан зинда карда шуда мавриди ҳисоб қарор мегирад ва сарнавишти ӯ ё ба сӯи биҳишт аст ё ба дӯзах, имон доштан бар инки Худованд тақдири ҳама мавҷудотро мувофиқ бо илми қадими Худ ва иқтизои ҳикмат ва иродааш қарор дода аст ва чигунае ки Ӯ Таъоло муқаддар сохтааст ҳамонгуна офарида ва воқеъ мешавад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро аз эҳсон суол намуд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки эҳсон яъне Худовандро чунон ибодат кунад, ки гӯё Ӯ Таъолоро мебинад, агар ба ин мартаба даст наёфт пас Худовандро чунон ибодат кунад, ки Аллоҳ ӯро мебинад. Мартабаи аввал мартабаи мушоҳада аст, ки болотарин мартаба ва мартабаи дуввум мартабаи муроқибат аст.
Сипас аз замони вуқӯъи қиёмат пурсид? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки донистани замони вуқӯъи қиёматро Худованд ба худ ихтисос додааст ва касе аз махлуқот онро намедонад, на суолкунанда ва на шахси суолшуда.
Сипас Паёмбари Худоро аз нишонаҳои қиёмат пурсид. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки яке аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат зиёд шудани канизон ва фарзандони онон, ё ҳамон бадрафтории фарзандон бо модаронашон аст, ки гӯйӣ бо каниз ва зердасти худ рафтор мекунанд, ва инки дунё чунон бар чӯпон ва фақирон рӯй меорад, ки дар сохт ва ороиши қаср ва баландошёнаҳо бо ҳам фахрфурушӣ мекунанд.
Пас аз онки ӯ аз назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мунсариф шуд Паёмбари Худо хабар доданд, ки он шахс Ҷабраил буд, омада буд то ин дини ҳанифро бар саҳобагон биомӯзад.