Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз: зан ё марди издивоҷ кардаи зинокор ва (қатли) ҷоне ба (қасоси) ҷон (-и дигар) ва касе, ки тарки дини худ кунад ва аз ҷамъияти мусалмонон ҷудо шавад". Саҳеҳ - متفق عليه
explain-icon

Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки хуни мусалмон ҳаром аст, магар дар ин се ҳолат: Аввал: Касе, ки пас аз издивоҷи саҳеҳ (яъне бо ақди дуруст ва шаръӣ) даст ба фоҳишагии зино занад, чунин шахс барояш ҷазои қатл тавассути сангсор (раҷм) ҷорӣ мегардад. Дувум: Касе, ки як инсони маъсумро қасдан ва ноҳақ бикушад. Бо фароҳам шудани шароити қасос, (қотил) кушта мешавад (яъне барояш ҷазои қатл бо қасос татбиқ мегардад). Сеюм: Касе, ки аз ҷамоати мусалмонон хориҷ шавад, хоҳ бо тарки дини Ислом ба куллӣ (яъне, комил аз Ислом рӯй гардондан), ё ҷузъӣ (яъне, тарки баъзе аз аҳкоми дин) бошад, монанди исёнгарон, роҳзанҳо ва муҳорибон аз гурӯҳи хавориҷ ва ғайра.

explain-icon

fawaed

  • Анҷом додани ин се хислат ҳаром аст. Ҳар касе муртакиби яке аз ин се хислат шуд, ҷазои қатл бояд бар ӯ ҷорӣ мешавад: Ё ба сабаби куфр, ки он хориҷ шудан аз Ислом аст, ё ба сабаби ҳади шаръӣ, ки он бар зани шавҳардор ва марди зандори зинокор ҷорӣ мешавад ва инчуин касе, ки қасдан касеро мекушад.
  • Ҳифзи обрӯ, нангу номус ва покӣ воҷиб аст.
  • Воҷиб будани эҳтироми мусалмон ва ин ки хуни ӯ маҳфуз ва муҳтарам аст.
  • Тарғибу ташвиқ ба ҳамроҳии ҷамоати мусалмонон ва ҷудо нашудан аз онон.
  • Шеваи омӯзиши зебои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунон ки суханаш баъзан ба сурати тақсимбандӣ шуда меояд ва тақсимбандӣ кардан масъалаҳоро маҳдуд ва ҷамъбаст мекунад ва ҳифз карданро осонтар месозад.
  • Худованд ҳудудро машруъ гардонидааст, то ҷинояткоронро боздорад ва ҷомеаро муҳофизат кунад ва аз ҷиноятҳо пешгирӣ намояд.
  • Иҷрои ин ҳудуд аз ихтиёроти ҳоким ё ҳукумати исломӣ аст.
  • Сабабҳои ҳукми қатл бештар аз ин се ҳолат ҳастанд, лекин аз ин се ҳолат берун нестанд. Ибни Арабии Моликӣ мегӯяд: "(Сабабҳои қатл бештар аз се ҳолат ҳастанд), вале ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин се сабаб хориҷ намешаванд. Зеро, касе, ки ҷоду мекунад ё Паёмбарро дашном медиҳад, кофир мешавад ва дар гурӯҳи касоне шумурда мешавад, ки дини худро тарк кардаанд."
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар