Аз Имрон ибни Ҳусайн (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Ман бавосир доштам ва аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи намоз пурсидам ва Паёмбари Худо фармуд: "Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу".
Саҳеҳ - رواه البخاري
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки асос дар намоз истода хондан аст, магар дар ҳолати нотавонӣ, ки нишаста намоз мехонад ва агар тавони онро ҳам надошта бошад пас ба паҳлу намозро адо кунад.
Benefits from the Hadith
То замоне ки ақли инсон собит аст намоз аз ӯ соқит намегардад, ӯ мувофиқи тавон, яъне агар тавони истодан дар ӯ набошад нишаста ва агар тавони онро ҳам надошта бошад ба паҳлу намози худро мегузорад.
Аз лутф ва осониҳои Ислом ин аст, ки банда ба ҳар гуна, ки тавони адои ибодатро дорад анҷом медиҳад.