explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки муҳимтарин ва сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки ба сабаби он лаззат бурдан аз зан ҳалол мешавад, яъне ҳамон шартҳои мубоҳи никоҳ, ки зан дар ақди никоҳи худ талаб кардааст.

explain-icon

fawaed

  • Шартҳое, ки яке аз ҳамсарон ба дигаре гузоштааст, бояд иҷро шаванд, магар шарте, ки ҳалолро ҳаром ё ҳаромро ҳалол мегардонад.
  • Пойбанд будан ба шартҳои никоҳ бештар аз шартҳои дигар мавриди назар аст, зеро он дар муқобили ҳалол шудани баҳрабарии ҷинсӣ аст.
  • Манзилати волои издивоҷ дар Ислом, зеро Ислом ба вафо кардан ба шартҳои он таъкид фармудааст.
explain-icon

Бештар