Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки камоли зебоии Ислом ва камоли имони мусалмон дар он аст, ки инсон аз он чизҳое, ки ба ӯ дахл надорад, ба ӯ тааллуқ надорад ва барои ӯ фоидае надорад, чи аз суханҳо ва чи аз амалҳо дурӣ ҷӯяд. Зиёда аз ин, машғул шудан ба чизҳое, ки ба инсон дахл надоранд, метавонанд ӯро аз корҳои муҳим маҳрум кунанд, ё ӯро ба чизҳое расонанд, ки бояд аз онҳо парҳез кунад. Инсон рӯзи қиёмат барои амалаш посухгӯ аст.