Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ёронаш нишаста буд ва фармуд: як замоне аст, ки илм аз миёни мардум бардошта мешавад, Зиёд ибни Лабиди ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ин сухани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тааҷҷуб афтода аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: чигуна илм аз дасти мо меравад, дар ҳоле ки мо Қуръонро хонда онро ҳифз кардаем? Савганд ба Худо мо онро мехонем ва ба занону фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худ онро меомӯзонем. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо тааҷҷуб гуфт: Модарат дар азоят бинишинад эй Зиёд! Ман туро аз олимони Мадина мешумурдам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки: аз байн рафтани илм ба маънои аз даст рафтани Қуръон нест, балки амал накардан ба илм, ба маънои аз байн рафтани он аст. Яҳуд ва насоро, ки барояшон Таврот ва Инҷил фиристода шудааст, барояшон суде набахшид, зеро онҳо бо он амал накарданд ва аз ончи дар он барояшон дастур шудааст баҳраманд нашуданд.