Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар ба мардум танҳо бо даъвоҳои худашон (бе ягон далелу қарина) он чиро, ки даъво доранд, дода шавад, пас баъзеҳо молу хуни мардумро даъво мекарданд. Аз ин рӯ, бар даъвогар лозим аст, ки далел ва бурҳон пешниҳод кунад. Агар далеле надошта бошад, даъво бар муқобили касе, ки аз он талаб мешавад (яъне муҳокимашаванда) равона мешавад. Агар ӯ инкор кунад, пас бояд савганд хӯрад ва бо ин роҳ бегуноҳ дониста мешавад.